Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ


          

Бо фармоиши

Вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “01” майи соли 2018, №239

тасдиқ карда шудааст

 ТАРТИБИ

бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки 

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ, ғайридавлатӣ) давлатҳои хориҷӣ, 

муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд


Скачать файл

1. Тартиби мазкур дар асоси Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти № 593 тасдиқ шудааст, қисми 3-и Тартиби “Аккредитатсияи ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, инчунин аъзои оилаи онҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Фармоиши Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №157 аз 22 апрели соли 2014 тасдиқ шудааст ва Оинномаи КВД “Тоҷикдипсервис” бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва батартибдарории бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳайати кормандон, ки дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ, ғайридавлатӣ) давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд (минбаъд - Намояндагиҳо), таҳия карда шудааст.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ, ғайридавлатӣ) давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, мақоми корманди Намояндагиро аз лаҳзаи қабул гардидан ба ҳайати кормандони Намояндагиҳо соҳиб мегарданд. 
3. Шароити меҳнатии кормандони Намояндагиҳо, ки ба ҳайати коркунони маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасон қабул карда шудаанд, бояд ба қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур мухолифат накунад. 
4. Қабул кардан ба кор дар Намояндагиҳо дар асоси шартномаи меҳнатии хаттӣ (қарордод), ки ба муҳлати муайян байни корманд ва Намояндагӣ дар асоси қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст, ба расмият дароварда мешавад. 
5. Ҳифзи манфиатҳои меҳнатӣ ва иљтимоии кормандоне, ки дар Намояндагиҳо кор мекунанд, тибқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд. 
6. Андозбандии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда, ки дар Намояндагиҳо кор мекунанд, бо асосҳои умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 
7. Барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда, ки дар Намояндагиҳо фаъолият мекунанд, ба КВД “Тоҷикдипсервис” ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 
- мактуби Намояндагӣ оид ба бақайдгирии корманд; 
- нусхаи оинномаи ташкилот (тасдиқ кардашуда); 
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасдиқ кардашуда); 
- нусхаи шиноснома; 
- нусхаи раводиди амалкунанда; 
- пурсишнома (анкета)-и шакли муқарраршуда, ки намунаи он дар Замимаи 1 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст; 
- 2 адад расми андозаи 3х4 (1 адади он дар ҳомили электронӣ). 
8. Дар ҳолати гум кардани корти бақайдгирӣ, Намояндагиҳо ва ё соҳиби корти гумшуда дар давоми се шабонарўз КВД “Тоҷикдипсервис”-ро огоҳ менамоянд. 
9. Баррасии муроҷиат дар хусуси бақайдгирӣ ва додани нусхаи дуюми корти бақайдгирӣ дар давоми 10 рўз аз рўзи ворид шудани ҳуҷҷатҳо ба амал бароварда мешавад. 
10. Ба КВД “Тоҷикдипсервис” ҷиҳати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат ва дар Намояндагиҳо фаъолият мекунанд, дар асоси Нархнома оид ба маҷмӯи хизматрасониҳои КВД “Тоҷикдипсервис”, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2013 тасдиқ гардидааст ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2013 мувофиқа шудааст, ҳаққи хизматрасонӣ пардохт карда мешавад. 
11. Корти бақайдгирӣ ба кормандони Намояндагиҳо, аз ҷумла, шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси раводид ва ба муҳлати эътибори раводид ва ба шахсони бешаҳрвандӣ, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба муҳлати як сол дода мешавад. 
12. Ҳангоми ба итмом расидани муҳлати корти бақайдгирӣ, Намояндагӣ ба таври хаттӣ оид ба тамдид намудани муҳлати корти бақайдгирӣ на дертар аз 15 рўз то ба охир расидани муҳлати амали он ба КВД “Тоҷикдипсервис” муроҷиат намояд. 
13. Ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ё аз вазифа сабукдўш намудани корманд, Намояндагӣ дар муддати як моҳ КВД “Тоҷикдипсервис”-ро бо мактуб хабардор намуда корти ӯро ба КВД “Тоҷикдипсервис” бозпас гардонад. 
14. Намояндагӣ уҳдадор аст, ки ба КВД “Тоҷикдипсервис” рўйхати кормандони худро бо дарҷи маълумоти вазифаи ишғолнамуда, рақами телефонҳои хизматӣ/мобилӣ дар асоси дархости расмӣ дар як сол ду маротиба пешниҳод намояд.

Заказать звонок