КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Раёсати бақайдгирӣ

 

Шуъбаи бақайдгирии шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт (тел.: 224 49 13)

  • Мусоидат барои гирифтани эквиваленти шаҳодатномаи ронандагӣ ба кормандони намояндагиҳои хориҷӣ;
  • Мусоидат барои бадастоварӣ ва амалисозии воситаҳои нақлиётӣ ба намояндагони хориҷӣ;
  • Мусоидат ҷиҳати бақайдгирии воситаҳои нақлиётӣ, гирифтани ҳуҷҷати техникӣ ва рақамҳои давлатӣ;
  • Аз қайди давлатӣ гирифтани воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои хориҷӣ ва кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
  • Мусоидат барои гузаронидани азназаргузаронии техники автомобил, ки ба намояндагиҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда тааллуқ доранд;
  • Кортҳои бақайдгириро медиҳад ва иваз мекунад.

Шуъбаи акктредитатсия ва корти тахфифӣ  (тел.: 224 48 34)

Шуъбаи акктредитатсия ва корти тахфифӣ ба Раёсати бақайдгирии КВД «Дипсервис» тааллуқ дорад. Шуъбаи мазкур бо бақайдгирии ҳайати маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки фаъолити худро дар намояндагиҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои бонкии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ амалӣ менамоянд, сарукор дорад.

Дар шуъба барномаи «Корти тахфифи» амал менамояд. Корти мазкур дар асоси Корти аккредитатсионии Раёсати протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Дипсервис» дода мешавад.

Дар корт ҳама имкониятҳои воситаҳои пардохтии замонавӣ бо «Корти тахфифӣ» пайваст карда шудааст. Хусусиятҳои истифодаи барномаи имкониятии «Корти тахфифӣ» дар якҷоягӣ бо корти қарзӣ дар он мебошад, ки ҳангоми пардохт бо «Корти тахфифӣ» барои шарикони Ташкилот ба нархи маҳсулот тахфифҳои муайян карда мешавад.