28 августи 2020 гуфтугӯи телефонии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини вазири тиҷорати хориҷӣ ва ҳамкории Подшоҳии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак дар сатҳҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин робита, аҳаммияти баргузории вохӯриҳои дуҷониба ва бизнес-форум бо иштироки намояндагони корхонаҳои пешрафтаи кишоварзӣ ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ вобаста ба ҳамагирӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон миёни ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин Иттиҳоди Аврупо ва СММ табодули афкор сурат гирифта, зарурати тавсеаи бештари муносибатҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид шуд. Дар ин росто, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории мутақобила дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати ташкили бомуваффақияти Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, қайд карданд.