КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбарони Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон

 

28 сентябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин собиқ Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳидеки Танабе ва Роҳбари навтаъйини он ҷаноби Такасака Мунеоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак роҷеъ ба кӯмакҳои техникӣ ба иқтисод, маориф, тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пиромуни ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 низ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кӯмаки Япония (JDS) барои мутахассисони кишвари мо саҳми арзанда гузошта истодааст.

Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати ифтитоҳи корхонаҳои муштарак бобати коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар иқдомҳо сурат гиранд.

Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Роҳбари собиқи Агентӣ ҷаноби Ҳидеки Танабе барои ҳамкории босамар ва дастгирии доимияш ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои грантии Япония изҳори сипосгузорӣ намуда, ба Роҳбари навтаъйини он дар фаолияти баъдиаш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу кард.