28 сентябри соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Мудири кулли ташкилоти хайриявии “ас-Салом”-и Давлати Кувайт доктор Набил Ҳамад ал-Авнро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Давлати Кувайт ва ташкилоти хайриявии “ас-Салом” барои тақдим намудани чордаҳ адад воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба кишвари мо ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагири Ковид-19 аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.