КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Таҷлили Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ

 

30 сентябри соли 2020 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар суханронии табрикӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил комилан ташаккул ёфт. Робитаву ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳон барқарор гардида, тадриҷан таҳкиму тавсеа ёфтанд. Натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хуб шинохта шуд ва ҷойгоҳи шоистаро пайдо намуд.   

Дар ҳамоиш кормандони хидмати дипломатӣ, ки дар фаолияти худ натиҷаҳои хуб нишон додаанд, сазовори мукофотҳо гардиданд. Ҳамчунин як гурӯҳи дипломатҳо ба вазифаву рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар поёни маросим кормандони ҷавоне, ки бори нахуст ба хидмати давлатӣ қабул гардиданд, савганд ёд карданд.