КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония

 

2 октябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Япония барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намуд.

Қайд гардид, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки Стратегияи рушди Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Барномаи кумаки Япония (JDS) тавассути рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият саҳми арзанда гузошта истодааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар рушди иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.

Дар поёни мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсонӣ баргузор гардид. Ёддоштҳои табодулиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония Такаюки Мияшита имзо намуданд.