КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Япония

 

22 октябри 2020 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.