КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

 

8 октябри 2020 дар Москва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуданд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко роҳбарӣ карданд. Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои муҳимми […]

 
 

Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне

 

2 октябри соли 2020 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне баргузор гардид. Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Сиерра-Леоне дар СММ Алӣ Кабба имзо карданд.

 
 

Имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония

 

2 октябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду кишвар дар соҳаи […]