КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Туркия

 

4 апрели 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардид.

Дар он мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон маълумот дода шуд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл кунад.

М.Карагёл бо ишора ба муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия, таъкид кард, ки ҷониби туркӣ аз идома ёфтани музокирот байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мусолиматомези ихтилофҳои марзӣ байни ду кишвари ҳамҷавор ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумаки лозим расонад. 

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.