5 январи 2022 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси Ҳайати мушовара, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён, аъзоёни Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2021, нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2022 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Аз рӯи мавзӯоти рӯзномаи ҷаласа муовинони вазири корҳои хориҷӣ маърӯза карданд.
Дар ҷаласаи мазкур Нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2022 тасдиқ шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.
Дар ҷамъбасти кори Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати тақвият додани низоми кор ва таҳкими фаъолияти дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа супоришҳои мушаххас дод.