КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои лоиҳакашии таҷрибадорро ҷиҳати иштирок дар озмун бо амалисозии мақсади таҳияи лоиҳаи кории бинои чордаҳошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт даъват менамояд. Ширкати лоиҳакашӣ мутобиқи методи “”Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш” интихоб карда мешавад.
Аз санаи 24 январ то 26 январи соли 2022 ширкатҳои ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур, ки 28 январи соли ҷорӣ барпо мегардад ба суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 145, пешниҳод намоянд.
Маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 224-53-92; 224-57-35.