14 феврали соли 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим донистанд.