КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохурии Сафир бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия

 

14 марти соли 2022 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори он кишвар Адил Караисмаилоглу баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва зерсохторҳои он, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ибрози назар намуданд.