19 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.