Имрӯз ба дафтари идораи “Дипсервис” сайёҳи маъруфи тоҷик Фарҳод Калонов, ки бо нақлиёти худ қариб 80 давлатро зиёрат намудааст, ташриф овард. Зимни вохӯрӣ ба номбурда барои гузоштани саҳми арзанда дар раванди амалисозии дипломатияи халқӣ, инкишофи муколамаи байнифарҳангӣ ва ташаккули симои мусбати Тоҷикистон дар хориҷа, сипоснома дода шуд.