28 июли соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Раиси ширкати кувайтии Al-Huqooq International Co. ҷаноби Ҳашим Маҷед баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ ва мусоидат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози назар намуданд.