16 ноябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД «Дипсервис» – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Луай Иссо баргузор гардид.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба масъалаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба осебдидагони амалиёти ҳарбии исроилӣ дар Фаластин сӯҳбат намуданд.