КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута

 

12 феврали соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро баргузор гардид. Дар рафти мулоқот Роҳбари корхона Сафири Ҷопонро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.