27 феврали соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Давтали Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Зайналдин баргузор гардид. Дар рафти мулоқот Роҳбари корхона Сафири Фаластинро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд. Дар навбати худ Сафир миннатдории хешро ба роҳбарияти олии кишвар, ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумаки башардустона ба осебдидагони Навори Ғазза изҳор намуд.
Вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Зайналдин.
