КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Го Жиҷун

 

29 июли соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Го Жиҷун баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.