КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корхои хориҷӣ

 

23 сентябри соли 2025 мусобиқаи футбол миёни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корхои хоричӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расид. Дар натиҷа Ҷоми мусобиқа насиби дастаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷои аввал, дастаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷои дуввум ва дастаи Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Бозигари беҳтарин капитани тими намояндагии САҲА хонум Лаҳифф Элизабет ва дарвозабони беҳтарин капитани тими Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афгонистон Аҳмад Фавод Расoлӣ интихоб гардиданд.