КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар соли 2017

Дар соли 2017 аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, сармоягузориҳо, хизматрасониҳо, болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонии ашё ва фулузот, пешрафти иқтисодиёти давлатҳои шарикони тиҷоратӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин карда шуд.

Дар ин давра суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар сатҳи 7,1% таъмин карда шуда, ҳаҷми номиналии он ба 61093,6 млн. сомонӣ баробар гардид.

Рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 21,3 %, маҳсулоти кишоварзӣ 6,8%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 %, гардиши савдои чакана 6,6 % ва хизматрасонии пулакӣ 1,8% ва гардиши савдои хориҷӣ 1,1% таъмин гардидааст.

Дар соли 2017 таваррум дар сатҳи 6,7 % нигоҳ дошта шуд, ки он аз ҳисоби афзоиши нархи молҳои озуқаворӣ 7,5 %, молҳои ғайриозуқа 4,4 % ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ 7,7 % ба миён омад.

Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,0 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 21,3%, аз ҷумла дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 4,5 млрд. сомонӣ (22,5 %), соҳаи саноати коркард ба 11,7 млрд. сомонӣ (22,7 %) ва истеҳсол ва тақсими нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 3,7 млрд. сомонӣ (16,5 %) баробар гардид.

Дар соли ҳисоботӣ дар сохтори маҳсулоти умумии соҳаи саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи саноати истихроҷ  22,6 % (дар соли гузашта 19,8 %), саноати коркард 58,8 % (62,2 %) ва истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва об таъминкунӣ 18,6 %(18,0% )-ро ташкил намуд.

Дар соли 2017 бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нави саноатии воридотивазкунанда ба монанди фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, каогулянт, ротбанд, халта ва хишти сабук истеҳсол карда шуд.

Истеҳсоли нерӯи барқ дар ин давра 18,1 млрд. кВт. соатро ташкил карда, нисбат ба соли гузашта  5,3 % афзоиш ёфт.

Истеҳсоли нерӯи гармӣ дар ҳаҷми 428,2 ҳазор Гкалл ба истеъмолкунандагон расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 37,5 % зиёд мебошад.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар соли 2017 аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 24,6 млрд. сомониро ташкил  намуда, рушди воқеии он дар сатҳи 6,8 % таъмин гардид.

Аз он ҷумла, соҳаи растанипарварӣ ба 16,9 млрд. сомонӣ ва соҳаи чорводорӣ 7,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши онҳо мутаносибан ба 7,4 % ва 5,6 % баробар  гардидааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 11208,5 млн.сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба  соли гузашта 4,1 % зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 4983,0 млн. сомонӣ маблағгузориҳои давлатӣ (44,5 %), 4460,5 млн. сомонӣ сармояҳои хориҷӣ (39,8 %) ва 1764,9 млн. сомониро дигар сарчашмаҳо (саҳмиягузорон, аҳолӣ, хоҷагиҳои фермерӣ  ва ширкатҳо) (15,7 %) ташкил намуданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант ба маблағи умумии 24,9 млрд. сомонӣ (баробар ба 2,82 млрд. доллари ИМА) мавриди амал қарор дорад.

Дар  соли 2017 гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва молҳои маишӣ дар давраи ҳисоботӣ 18934,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,6 % афзудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ дар соли 2017-ум 10799,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,8 % зиёд шудааст.

Зиёдшавии суръати рушд асосан аз ҳисоби хизматрасонии соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ ба андозаи 8,1 %, маориф 1,4 фоиз, алоқа 4,8 % ва хизматрасонии тиббӣ 8,2 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ 3973,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 1,1 % ё 43,2 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Дар ин давра содироти мол ба 1198,1 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 33,3 % зиёд шудааст. Воридоти мол бошад ба 2775,0  млн. доллар баробар шуда, нисбат ба соли гузашта 8,5 % коҳиш ёфтааст. Тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ 1576,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра Россия (23,6 %), Қазоқистон (21,1 %), Хитой (14,9 %), Туркия (8,5 %), Ӯзбекистон (3,2 %), Люксембург (3,1 %), Олмон (2,7 %), Афғонистон (2,5 %), Швейтсария (2,4 %), Эрон (2,3 %), Туркманистон (1,3 %), Қирғизистон (1,2 %) ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳиссаи давлатҳои аъзои ИДМ 52,5 % ва давлатҳои хориҷи дур 47,5 % ташкил медиҳанд.

Сарчашма: Вазорати Рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон