КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Машваратҳои намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД ва кишварҳои ширкаткунандаи ИДМ оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ

 

3-4 сентябри 2020 машваратҳои нақшавии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва кишварҳои ширкаткунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шакли видеоконфронс доир гардиданд.

Ширкаткунандагони машваратҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, баррасӣ намуда, роҷеъ ба авлавиятҳои кишварҳои худ дар робита ба рӯзномаи иҷлоси 75-уми Созмон изҳори назар намуданд.

Дар ин росто, дар бораи авлавиятҳои ҷониби мо низ маълумоти муфассал дода шуда, зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати муқовимат ба бемории сироятии COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои дигари амниятии ҷаҳонӣ таъкид гардид.