22 октябри 2020 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Комрон Алиев баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои амалии ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар мавриди парвандаҳои ҷиноӣ, истирдод, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.