15 феврали 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон Лувсан Баттулга (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва гидроэнергетика, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.