8 апрели соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мишел Тарран баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои корхона ибрози назар намуданд.