КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Сафари Директори генералӣ ва Сафири Туркия ба ноҳияи Ёвон

 

16 июли соли 2021 дар арафаи Иди Қурбон бо дастгириву кумаки бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси КВД “Точикдипсервис” ба 58 оилаи деҳаи Санҷитаки, Ҷамоати деҳоти Обшорони, ноҳияи Ёвони, вилояти Хатлон, ки бар асари омадани сел осебдида буданд, кумаки хайрияви расонида шуд. Маҳсулоти сохтмони тавассути 14 наклиёти боркаш интиқол дода шуда, дар маҳал аз ҷониби Сафири турки ҷ-би Эмре Зекӣ Карагёл, дар ҳузури раиси ноҳия Ҷ. Ҳамроҳ ва директори генералии Корхона А. Хайруллоев ба мардуми офатзада супорида шуд.