КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо

 

30 майи соли 2022 мулоқоти Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Мэрилин Йосефсон баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.