КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Таҷлили 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

 

15 ноябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии ифтитоҳии худ ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи таърихӣ ва фархунда табрик гуфта, қайд намуд: “Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти солгарди иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост меояд ва баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ривоҷу равнақ пайдо намуд”.

“Таърих собит кард, ки он рӯзи тақдирсоз вакилони халқ бо ин амали ояндабинона шахсияти миллӣ, воқеан Пешвои миллатро интихоб намуданд.”- қайд намуд вазири корҳои хориҷӣ.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ намоиши аксҳо ва филми ҳуҷҷатӣ аз рафти иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пешкаш гардид.