23 январи соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Григорев Семён Вячеславович баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои корхона ибрози назар намуданд.