2 феврали соли равон гурӯҳи кории тоҷикистонӣ, дар ҳайати Директори генералии КВД “Дипсервис”, намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар ш. Анқара ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ташриф овард. Зимни мулоқот бо ҷониби туркӣ масъалаи ба анҷом расонидан барасмиятдарорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои моликияти дипломатии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.