КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия

 

21 феврали соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Умут Аҷар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Роҳбари корхона доир ба заминларзаи шадид, ҳамдардии хешро изҳор намуда, ба мардуми Туркия сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комил орзу кард.

Сафир изҳори тасалиятро қабул намуда, ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон 9+барои ирсоли кумакҳои башарӣ ва хосатан ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   сипозгузорӣ кард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва маҷмуи хизматрасониҳои корхона ибрози назар намуданд.