7 июли соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Эгамбердиев Ойбек Худоёрович баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва КВД “Дипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.




