КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Оғози сохтмони бинои сафорат

 

24 августи соли 2023 дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷараёни сохтмони маҷмааи биноҳои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Остона ҳусни оғоз бахшида шуд. Бояд қайд намуд, ки қаблан санги асоси бунёди Сафорат аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузошта шуда буд. Лоиҳаи сохтмонӣ дар ҳамкории муштараки Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Дипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.