11 апрели соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парватӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба иброз доштанд.
Вохӯрӣ бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
