КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо роҳбари Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

17 апрел соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.