КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохурӣ бо Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

20 феврали соли 2026 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Радослав Дарски баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Иттиҳоди Аврупоро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.