Маълумоти умумӣ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Пойтахт – шаҳри Душанбе
Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ – Ҷумҳурии Точикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна қарор дорад.
Масоҳат – 142 600 км²
Аҳолӣ – 8 769 221 млн. нафар
Асъори миллӣ – сомонӣ
Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1322,9 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (987 км), дар шарқ бо Чин (494,95 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1344,15 км) марзи муштарак дорад. Кишвари кӯҳсор ва пурбориш буда, дорои манобеи азими об ва канданиҳи фоиданок аст. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрасӣ надорад.
93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил намуда, ҳамагӣ 7 фоизи он ҳамворӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳон (Қуллаи Исмоили Сомонӣ – 7495м.) ҷойгир мебошад.
Дар шимоли Тоҷикистон водии Фарғона, дар шимолу ғарб ва дар қисми марказии он қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Туркистон ва Олой ҷойгиранд.
Дар ҷанубу шарқ Помир (яке аз баландтарин нуқтаҳои олам) ва дар ҷанубу ғарб водиҳои Вахшу Ҳисор ҷой гирифтаанд.
Баландтарин қуллаҳои Тоҷикистон
баландӣ аз сатҳи баҳр, м:
Қуллаи И.Сомонӣ – 7495
Қуллаи Абӯалӣ Ибни Сино – 7134
Қуллаи Е. Корженевская – 7105
Қуллаи Истиқлол – 6974
Қуллаи Москва – 6785
Қуллаи К. Маркс – 6726
Қуллаи Гармо – 6595
Қуллаи Афсарони Шӯравӣ – 6233
Қуллаи Энгельс – 6510
Қуллаи Вудор – 6132
Қуллаи Музкули Шимолӣ – 6128
Қуллаи Маяковский – 6096
Қуллаи Паххор – 6083
Сарвати бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дарёву кулҳои он мебошанд. Дарозии 947 дарё дар ин кишвар зиёда аз 28500 километрро ташкил медиҳад, ки ин ҳудуди 60 фоизи захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ мебошад.
Дарозтарин дарёҳҳои Тоҷикистон
(масоҳати ҷоришавии онҳо бо километр дар қаламрави Тоҷикистон)
Панҷ – 921
Амударё – 65
Сирдарё – 185
Зарафшон – 306
Бартанг-Мурғоб – 491
Вахш – 524
Кофарниҳон – 387
Ғунд – 296
Дар қисми баладкӯҳҳои Тоҷикистон захираи бузурги барфу ях мавҷуд аст. Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки шумораашон ба беш аз ҳазор мерасад, 8476 километри мураббаъро ташкил медиҳад. 16 пирях дарозии зиёда аз 16-километра доранд, аз он ҷумла пиряхи Федченко ва Грумм-Гржимайло.
Бузургтарин пиряхҳои Тоҷикистон
Ном масоҳат, км2 ҳаҷми ях, км3
Федченко 156,0 93,6
Гармо 114,6 —
Витковский 50,2 6,882
АИ ИҶШС 48,0 5,242
Наливкин 45,2 8,588
Бивачий 37,0 8,05
Грумм-Гржимайло 37,0 19,84
Дар Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл бо масоҳати 705 километри мураббаъ ҷойгир аст, ки калонтаринашон Қарокӯл, Сарез ва Яшикул мебошанд. Асосан, кулҳои Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.
Кулҳои калонтарини Тоҷикистон
(масоҳат, км2)
Қарокӯл – 380,0
Сарез – 79,64
Зоркӯл – 38,9
Яшилкӯл – 38,0
Шоркӯл – 16,3
Обанборҳои калонтарини Тоҷикистон
Ном масоҳат, км2 ҳаҷми об, млн.м3
Қайроқум 520,0 4160
Норак 106,0 10500
Замин, олами ҳайвонот ва набототи Тоҷикистон гуногун, ҳосилхез ва дорои қобилияти болост. Ҷангалзорҳои Тоҷикистон саршор аз дарахтони худрӯи мевадор ва ҳазорон намуди растаниҳост, ки аз тарафи аҳолӣ фаровон истифода мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди ширхӯрҳо, зиёда аз 365 намуди паррандаҳо, 49 намуди хазандаҳо, қариб 40 намуди моҳӣ, зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуданд. Дар ин ҷо паланги барфӣ, силовсинҳо, хирсҳо, гургҳо, рӯбоҳҳо, савсорҳо, инчунин оҳу ва архарҳо (гусфанди кӯҳӣ) зиндагӣ мекунанд.
Айни замон дар Тоҷикистон 4 мамнӯъгоҳ (“Бешаи палангон”, “Ромит”, “Дашти Ҷум”, “Зоркул”), 13 парваришгоҳ ва Боғи миллӣ вуҷуд дорад, ки масоҳати умӯмии онҳо 21 фоизи қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Тоҷикистон сарватҳои зеризаминии бисёре дорад. Айни замон беш аз 400 кон шинохта шудааст ва қариб 100 кон фаъолият мекунад, ки дар онҳо то 40 навъи ашёи хоми минералӣ, чӣ сӯзишворӣ, чӣ маъданӣ (қариб 10 фоиз) ва чӣ ғайримаъданӣ (қариб 90 фоиз) истихроҷ ва коркард мешавад. Тоҷикистон аз назари захираҳои ангишт мақоми пешсафро дар минтақа дорад. Захираҳои умӯмии геологӣ дар ин бахш қариб 4,0 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд. Дар қаламрави Тоҷикистон захираҳои бои полихимикӣ, сангҳои қиматбаҳо, металҳои нодир: аз қабили руҳ, сурб, висмут, молибден, волфрам, тилло, нуқра, сурма, симоб инчунин газ ва нафт ҷойгир ҳастанд.
Зарфиятҳои кишоварзии Тоҷикистон (ҳазор га)
майдони заминҳои корам – 864,4
масоҳати заминҳои обёришаванда – 592,3
майдони кишт, ҳамагӣ – 900,2
аз ҷумла зироатҳои лӯбиёгӣ – 401,9
зироатҳои техникӣ, ҳамагӣ – 294
аз ҷумла пахта – 262,9
картошка – 27,9
сабзавот – 35,8