КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН

ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1981-1986 – донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина;

Солҳои 1986-1992 – Муҳандис, сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро- логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1992-1995 – муовини сардор, сардори Раёсати Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1995-1996 – муовини сардори Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1996-1997 – намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент;

Солҳои 1997-2002 – намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, ш.Тошкент;

Соли 2002 – Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Тошкандро хатм  кардааст;

Солҳои 2002-2005 – раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2004-2005 – муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Апрели 2004 то ноябри 2005 – Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;

Солҳои 2005-2013 – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Ню-Йорк;

Солҳои 2011-2013 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк;

Аз 29.11.13 – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.