Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «27» феврали соли 2009 №121
Қоидаҳои пешниҳод намудани амволи ғайриманқул бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркадашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини кормандони онҳо бо манзили истиқоматӣ
1. Пешниҳод намудани амволи ғайриманқул (бино, манзил, қитъаи замин ва ғайра) ба намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва кормандони онҳо (минбаъд Намояндагиҳо) барои ҷойгиркунии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷойгиркунии иқоматгоҳҳои сарварони намояндагиҳои дипломатӣ мувофиқи меърҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Қоидаҳо анҷом дода мешавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати Намояндагиҳо эҳтиёҷоти онҳоро ба амволи ғайриманқул ба ҳисоб мегирад ва Корхонаи воҳиди давлатии «Дипсервис» дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд КВД «Дипсервис») ӯҳдадор мекунад, ки аз ном ва бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатҳои мазкурро то муддати ду моҳ аз рӯзи қабули онҳо баррасӣ намояд.
3. Пешниҳодҳо ҷиҳати ба иҷора супоридани амволи ғайриманқули давлатӣ ва дар асоси принсипи мутақобилият ҷойгиркунии Намояндагиҳо аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тартиб дода мешаванд.
4. Амволи ғайриманқули моликияти шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин метавонанд бо розигии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунии Наояндагиҳо пешниҳод карда шаванд. Расмиёти мувофиқакунонӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ аз рӯзи муроҷиат анҷом дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ мӯҳлати мувофиқакунонӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда шавад. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷойгиркунии Намояндагиҳо аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Ба иҷора додани амволи ғайриманқули моликияти давлатӣ ба Намояндагиҳо аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Шартҳои ба иҷора додани чунин амволи ғайриманқул дар шартномаи иҷора бо назардошти принсипи мутақобилият дар муносибатҳо байна Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати аккредитатсияшаванда пешбинӣ мешаванд.
6. Бегона кардани амволи ғайриманқули давлатӣ бо мақсади ҷойгиркунии Намояндагиҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.
7. Мубодилаи дуҷонибаи амволи ғайриманқул байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати аккредитатсияшаванда барои эҳтироми Намояндагиҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, анҷом дода мешавад.
8. Қитъаҳои замин ба Намояндагиҳо барои истифодабарии мӯҳлатнок ва иҷора тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
9. Аҳдҳо оид ба пешниҳоди амволи ғайриманқул барои эҳтиёҷоти Намояндагиҳо, ки ба талаботи Қоидаҳои мазкур мувофиқ нестанд, беъэтибор дониста мешаванд.
10. Андозаи иҷорапулии амволи ғайриманқули давлати ба Намояндагиҳо барои истифода пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти принсипи мутақобилият ва дар асоси нархҳои бозорӣ муайян карда мешаванд.
11. КВД «Дипсервис» дар муомилоти амволи ғайриманқул бо мақсади ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчуин таъмини кормандони онҳо бо манзил, аз ҷумла бо шароити иҷора аз ном ва бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад, ба гирифтани маблағҳои хизматрасонӣ мутобиқи тарифҳои аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда ҳуқуқ дорад.
12. Шартномаҳои вобаста ба амволи ғайриманқул оид ба ҷойгиркунии намояндагиҳои дипломатӣ, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини кормандони онҳо бо манзили истиқоматӣ дар КВД «Дипсервис» ба қайд гирифта мешаванд.