КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти № 907, аз 30.10.2017

ба қайд гирифта шудааст

Бо фармоиши

Вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2017, №410

                    тасдиқ карда шудааст

Тартиб

дар бораи мақоми бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои 

созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда, дигар 

намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии 

давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд

Скачать файл

090.020.310

 1.Тартиби мазкур дар асоси Конвенсияи Вена оид ба равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Конвенсияи Вена оид ба равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” аз 31 декабри соли 2014 таҳти №1173 ва Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 тасдиқ шудааст, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва батартибдарории бақайдгирӣ ва баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – кормандони маҳаллӣ), ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда, дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда кор мекунанд (минбаъд – Намояндагиҳои хориҷӣ), таҳия карда шудааст.

2.Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми корманди маҳаллии Намояндагии хориҷиро аз лаҳзаи қабул кардан ба ҳайати коркунони Намояндагиҳои хориҷӣ соҳиб мегарданд.

3.Шароити меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба аъзогии ҳайати коркунони маъмурӣ-техникӣ, хизматрасон ва ё ба сифати корманди хонагии хусусӣ қабул карда шудаанд, бояд ба қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур мухолифат накунад.

4. Қабул кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дар Намояндагиҳои хориҷӣ дар асоси шартномаи меҳнатии хаттӣ (қарордод), ки ба муҳлати муайян байни корманд ва Намояндагии хориҷӣ дар асоси қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст, ба расмият дароварда мешавад.

5.Ҳангоми дар Намояндагиҳои хориҷӣ пешбинӣ нашудани барасмиятдарорӣ ва коргузорӣ бо дафтарчаҳои меҳнатӣ, амали мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ «Дипсервис»-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КВД «Дипсервис») ба роҳ монда мешавад. Дафтарчаи меҳнатӣ дар асоси маълумотномаи аз ҷониби  Намояндагии хориҷӣ пешниҳодшуда, барасмиятдароварда мешавад.

6.Ҳифзи манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, тибқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

7.Шартномаи меҳнатӣ (қарордод) метавонад бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо бекор карда шавад. Ҳангоми бекор кардани қарордод бо ташаббуси Намояндагии хориҷӣ кӯмакпулӣ ба шахси озод кардашуда бо тартиб ва андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пардохт карда мешавад.

Ҳангоми бекор кардани қарордод бо ташаббуси корманди маҳаллии Намояндагии хориҷӣ кӯмакпулӣ дар ҳолате пардохта мешавад, ки агар чунин бекоркунӣ аз ҷониби Намояндагӣ иҷро накардани уҳдадориҳое, ки тибқи қарордод ба зиммааш гирифтааст, боис шуда бошад.

8.Андозбандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, бо асосҳои умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом дода мешавад.

9. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, барои содир намудани кирдорҳои зиддиқонунӣ бо асосҳои умумӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

10. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор дар Намояндагиҳои хориҷӣ қабул карда шудаанд, ҳуқуқ доранд:

– ба вақти кории бамеъёрдаровардашуда, ки давомнокии он бо созиши тарафҳои қарордодро баста муқаррар карда мешавад, вале на зиёда аз 40 соат дар як ҳафта;

– ба маблаѓи моҳонаи сабтгардидаи додани музди меҳнат тибқи қарордод;

– ба рухсатиҳои пардохтшавандаи ҳарсола, истироҳат дар рӯзҳои истироҳат ва идҳо. Пардохти музди маош дар рӯзҳои ид ва истироҳат, инчунин барои соатҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ аз ҷониби Намояндагии хориҷӣ тибқи шартҳои қарордоди басташуда амалӣ карда мешавад;

– ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар кӯмакпулӣ барои суѓуртаи иҷтимоӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;

– ба татбиқи дигар ҳуқуқҳое, ки ба онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

11. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор дар Намояндагиҳои хориҷӣ қабул карда шудаанд, уҳдадоранд:

– уҳдадориҳои худро ба таври дахлдор ва тибқи шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ (қарордод) қайду шарт гардидаанд, иҷро намояд;

– интизоми меҳнатӣ, қоидаҳои рафтор, тартибот ва дигар меъёрҳоеро, ки давлати аккредитатсиякунанда муқаррар кардааст, дар ҳудуд ва дар биноҳое, ки барои истифодабарӣ ба Намояндагии хориҷӣ дода шудаанд, риоя намояд;

– тамоми андозҳоро тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромаде, ки дар вақти кор дар Намояндагии хориҷӣ гирифтааст, бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пардохт намояд;

– ба молу мулк ва арзишҳои моддие, ки моликияти Намояндагии хориҷӣ буда, ба корманди маҳаллӣ барои иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда дода шудаанд, эҳтиёткорона муносибат намояд;

– ба ҳаракат ва ё беҳаракатие, ки ба расонидани зарари сиёсӣ ё моддӣ ба манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, роҳ надиҳад.

12. Барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намояндагиҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, аз ҷониби Намояндагиҳои хориҷӣ ба КВД «Дипсервис» ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ёддошт/мактуби Намояндагиҳои хориҷӣ оид ба бақайдгирии шаҳрвандон;

– нусхаи оинномаи ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ (тасдиқ кардашуда);

– нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасдиқ кардашуда);

– нусхаи шиноснома (тасдиқ кардашуда);

– саволнома (анкета) шакли муқарраршуда, ки намунаи он дар Замимаи 1 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст;

– 2 адад расм бо андозаҳои 3х4 (1 адади он дар ҳомили электронӣ);

– нусхаи шартномаи меҳнатӣ.

13. КВД «Дипсервис» пас аз баррасии мусбии муроҷиат ба кормандони маҳаллии намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда кортҳои бақайдгирӣ, ки имтиёз ва масуниятро тибқи талаботи моддаи 38 Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 пешбинӣ менамояд, барасмият медарорад.

14. Кортҳои бақайдгирӣ бо имзои Директори генералии КВД «Дипсервис», ки намунаи он дар замимаи 2 пешбинӣ гардидааст, тасдиқ карда мешаванд.

15. Дар ҳолати гум кардани корти бақайдгирӣ, Намояндагиҳои хориҷӣ ҳатман дар давоми се шабонарӯз ба тариқи ёддошт ва ё мактуб бо замимаи 2 адад расми (ҳаҷмаш 3х4) соҳиби корти гумшуда КВД «Дипсервис»-ро огоҳ менамоянд.

16. Баррасии муроҷиат дар хусуси бақайдгирӣ ва додани нусхаи дуюми корти бақайдгирӣ дар давоми 10 рӯз аз рӯзи ворид шудани ҳуҷҷатҳо ба амал бароварда мешавад.

17.Ба КВД «Дипсервис» ҷиҳати бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Намояндагиҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, дар асоси Нархнома оид ба маҷмӯи хизматрасониҳои КВД «Дипсервис», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2013 тасдиқ гардидааст ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2013 мувофиқа шудааст, ҳақи хизматрасонӣ пардохт карда мешавад.

18.Ҳайати кормандони маҳаллии Намояндагиҳои хориҷӣ ба муҳлати 1 (як) сол, яъне ҳар сол ба қайд гирифта мешаванд.

19.Ҳангоми ба итмом расидани муҳлати корти бақайдгирӣ, Намояндагии хориҷӣ бояд ба таври хаттӣ оид ба тамдид намудани мӯҳлати корти бақайдгирӣ на дертар аз 15 рӯз то ба охир расидани муҳлати амали он ба КВД «Дипсервис» муроҷиат намояд.

20. Ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ё сабукдӯш намудани корманди маҳаллӣ, Намояндагиҳои хориҷӣ дар мудати як моҳ бояд КВД «Дипсервис»-ро бо ёддошт ва ё мактуб хабардор намоянд.

21. Ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ва ё аз вазифа сабукдӯш намудани корманди маҳаллӣ, Намояндагии хориҷӣ уҳдадор аст, ки корти онро ба КВД «Дипсервис» супорад.

22. Намояндагиҳои хориҷӣ уҳдадоранд ба КВД «Дипсервис» рӯйхати кормандони маҳаллии худро бо дарҷи маълумоти вазифаи ишғолнамуда, суроѓаи ҷойи истиқомат, рақами телефонҳои хизматӣ/мобилӣ дар асоси дархости расмӣ дар як сол ду маротиба пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, Намояндагиҳои хориҷӣ уҳдадоранд рӯйхати кормандони маҳаллиеро, ки ба вазифаи нав таъйин шудаанд ва ё қарордоди меҳнатии онҳо бекор гардидааст, ба КВД «Дипсервис» пешниҳод намояд.