КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Корхонаи Воҳиди Давлатии «Дипсервис»-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №539 аз 15 сентябри соли 2008, мулки амволи ғайриманқул, ки ба шахсони воқеъию ҳуқуқӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, метавонад барои ҷойгиршавии намояндагони дипломатӣ, дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини макони истиқомати барои ҳайати коркунон, танҳо баъди гирифтани розигии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ҳангоми ба иҷора додани амволи ғайриманқул, соҳибмулкон вазифадоранд, то ки ба КВД «Дипсервис» барои мувоффиқкунонӣ ва тахт намудани бақайдгирии шартномаҳои амлок муроҷиат намоянд.

Дар робита ба ин Корхона аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки шартномаҳои басташударо ба қайд гиранд, инчунин хотиррасон менамояд, ки шартномаҳои пешниҳодшудаи мулки амволи ғайриманқул, бо риоя накардани талаботи дар боло зикршуда, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Риоя кардани маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, кӯч. Рӯдакӣ 145,

Телефон барои тамос: 224-50-91;