Рубрика: Хабарҳо
Вохурӣ бо ҳамкасбони туркӣ.
4 марти соли 2026 Директории генералии КВД «Дипсервис» Хайруллоев А.С. гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро, ки барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои амволи ғайриманқул ба ш. Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Вохурӣ бо Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
20 феврали соли 2026 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Радослав Дарски баргузор гардид. Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Иттиҳоди Аврупоро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.
Вохӯрии Директори генералии КВД «Дипсервис» Хайруллоев Абдулло бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Валид Абдулраҳмон Ал‑Рушайдан.
23 декабри соли 2025 Директори генералии КВД «Дипсервис» Сафири Арабистони Саудиро бинобар ба анҷом расидани рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, ба Сафир барои ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ ва дар идомаи рисолати дипломатияш комёбиҳои минбаъдаро таманно намуд.
Вохӯрӣ бо мудири маркази омузиши забони туркӣ (TTOMER) дар Душанбе
31 октябри соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо мудири маркази омузиши забони туркӣ (TTOMER) дар Душанбе Хайдар Девеҷӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба иброз доштанд.
Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корхои хориҷӣ
23 сентябри соли 2025 мусобиқаи футбол миёни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корхои хоричӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расид. Дар натиҷа Ҷоми мусобиқа насиби дастаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷои аввал, дастаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷои дуввум ва дастаи Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ […]
Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 сентябри соли 2025 бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Маҷмааи варзишии Академияи Ювентус миёни дастаҳои корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мусобиқа оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Вохӯрӣ бо намояндаи доимии навтаъйини Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 августи соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо намояндаи доимии навтаъйини Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷи баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба иброз доштанд.
Вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Го Жиҷун
29 июли соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Го Жиҷун баргузор гардид. Дар рафти мулоқот Директори корхона Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба у дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву […]
Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 июни соли 2025 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор шуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.




