КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

12.09.2024 Оғози мусобиқаи футболи дӯстона миёни кормандони низоми Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ.

 
 

Мулоқот бо роҳбари Агентии муҳоҷирати СММ дар Тоҷикистон

 

23.08.2024 ба дафтари корхонаи “Дипсервис” роҳбари Агентии муҳоҷирати СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Виктор Лутенко ташриф овард. Зимни вохурӣ тарафҳо имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои дуҷонибаро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ намуданд

 
 

Вохурӣ миёни Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

 

16.08.2024 дар КВД “Дипсервис” миёни Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот тарафҳо ба саволҳо ва масъалаҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш пайдо намуданд.

 
 
 
 

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амалисозии лоиҳаҳои техникӣ ба тасвиб

 

Дар арафаи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни КВД “Дипсервис” ва ширкати чинии “Чиндао Ҷиаоҷоу Айан” ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амалисозии лоиҳаҳои техникӣ ба тасвиб расонида шуд.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ

 

24 январи соли 2024 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Валид Абдурраҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

14 декабри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД «Дипсервис» Хайруллоев Абдулло бо Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тим Ҷонс баргузор шуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.

 
 

Вохӯрӣ бо Консули Сафорати Туркманистон

 

30 ноябри соли 2023 мулоқоти Муовини директори генералии Корхона Д. Ҳомидӣ бо Консули Сафорати Туркманистон С. Аннаоразов оид ба масъалаи сохтмони биноҳои маъмурии намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шаҳри Душанбе ва Ашқобод баргузор гардид.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

29 ноябри соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои муштараки КВД «Дипсервис» ва Сафорати ИМА бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар самти шаҳрсозӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер ба Корхона ташриф оварда дар рафти вохӯрӣ ҳуҷҷати дахлдор ба имзо расид.

 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Давлати Фаластин

 

16 ноябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД «Дипсервис» – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Луай Иссо баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба масъалаи расонидани кумакҳои  башардӯстона ба осебдидагони амалиёти ҳарбии исроилӣ дар Фаластин сӯҳбат намуданд.