30 ноябри соли 2023 мулоқоти Муовини директори генералии Корхона Д. Ҳомидӣ бо Консули Сафорати Туркманистон С. Аннаоразов оид ба масъалаи сохтмони биноҳои маъмурии намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шаҳри Душанбе ва Ашқобод баргузор гардид.
Рубрика: Хабарҳо
Вохӯрӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 ноябри соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои муштараки КВД «Дипсервис» ва Сафорати ИМА бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар самти шаҳрсозӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер ба Корхона ташриф оварда дар рафти вохӯрӣ ҳуҷҷати дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ бо Сафири Давлати Фаластин
16 ноябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД «Дипсервис» – Хайруллоев Абдулло бо Сафири Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Луай Иссо баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба масъалаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба осебдидагони амалиёти ҳарбии исроилӣ дар Фаластин сӯҳбат намуданд.
Вохӯрӣ бо директори департаменти Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
15 ноябри соли 2023 ба Корхона гурӯҳи ҳамкасбони ӯзбекистонӣ таҳти роҳбарии Директори Департаменти Бюрои Хадамоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Ҳамдамов Уткирбек Маратович ташриф овард. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рафти сохтмони бинои сафоратҳои ду кишвар, дар Душанбеву Тошканд табодули назар карданд.
Муаррифии лоиҳаҳои дурнамо
13 ноябри соли 2023 дар КВД «Дипсервис» маҷлиси корӣ оид ба таҳлили татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои гузошташуда барои соли 2023 баргузор гардида, инчунин лоиҳаҳо нав ва нақшаҳои дурнамо барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуд.
Вохӯрӣ бо намояндагони ширкати сармоягузории чинӣ
07.11.2023 намояндагони ширкати сармоягузории чинӣ бо мақсади муҳокимаи лоиҳаҳои дурнамо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба аз Корхона дидан намуданд.
Вохӯрӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 октябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон
3 октябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон ҷаноб Ибраҳим Этҳем Ӯнал баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо роҳбари Намояндагии Иттиҳодии Аврупо дар Тоҷикистон
27 сентябри соли 2023 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо роҳбари Намояндагии Иттиҳодии Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Вохӯрӣ бо Консули Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон
13 сентябри соли 2023 вохӯрии Муовини директори генералии КВД “Дипсервис” – Нажмудинов Фаррух бо Консули Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Али Ғадирӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.