ГУП “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Малайзия бо Раиси Палатаи поёнии парлумони Малайзия

 

22 сентябри соли 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Раиси Палатаи поёнии парлумони Малайзия Девон Ракият ҷаноби Датук Азҳар Азизан Ҳорун мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои пурсамарро миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девон Ракяти Малайзия баррасӣ намуда, аҳаммияти кӯшишҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ба манфиати муштарак изҳор намуданд.