КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Директори генералӣ бо ҳайати Ширкати муштараки Хитою Белорус

 

13 августи соли 2019 дар бинои Корхона мулоқоти Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” С. Мирзоалиев бо ҳайати Ширкати сармоягузории пекинии рушди (корпоратсия) Тсзяни, (ширкати муштараки Хитою Белорус) таҳти сарварии Мушовири корпоратсия Анатолий Калинин (собиқ Муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус) ва Ноиби президенти корпоратсия Су Лей баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳо ва муносиботи дустона байни Тоҷикистону Хитой, инчунин густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сипас, Директори генералӣ оид ба хизматрасониҳои Корхона бахусус вобаста ба мусоидати КВД “Тоҷикдипсервис” дар самти ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар самти омода намудани лоиҳаҳои сохтмони биноҳои сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар маълумоти мухтасар дод.

Дар навбати худ Мушовири ширкат А.Калинин оид ба фаъолияти ширкат ититилоъ дода қайд намуд, ки корпоратсия дар доираи фаъолияти хеш бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи муосири чинӣ сохтмони чандин иншоотҳои саноатӣ ва хонаҳои истиқоматиро ба анҷом расонидааст. Инчунин, А. Калинин иброз намуд, ки ширкати онҳо бо истифода аз таҷрибаи ғании хеш дар соҳаи лоиҳакашиву сохтмонӣ мехоҳад бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикдипсервис” ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. Ӯ афзуд, ки ҳадафи асосии Корпоратсия дар Тоҷикистон ворид шудан ба бозори сохтмонӣ ва пешкаш намудани лоиҳаҳо барои сохтмони иншооти мухталиф мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамаи пешниҳодоти тарафайн аз ҷониби              якдигар хуш пазируфта шуда, барои ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро иброз доштанд.

Дар фарҷоми вохурӣ ҷонибҳо бори дигар вобаста ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори назар намуданд.

Вохурӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дустона баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки санаи 15 августи соли 2019 байни КВД “Тоҷикдипсервис” ва Ширкати сармоягузории пекинии рушди (корпоратсия) Тсзяни Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расонида шуд.