КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Сафари роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ба вилояти Хатлон

 

Бахшида ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 август то 1 сентябри соли 2019 бо ташаббуси КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеъҳои таърихии Данғара ва Ховалингу Балҷувон доир гардид.

Дар ин сафар дипломатҳои хориҷиро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Саидзода Зоҳир Озод ва Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни сафари мазкур ҳамчунин кормандони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма низ иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ шиносоии намояндагиҳои дипломатӣ бо масъалаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон буд.

Нахуст, ҳайати меҳмононро дар ноҳияи Данғара Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Сипас, меҳмонон ба яке аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг, ки зери унвони “Таги Ҷар” машҳур мебошад, таҳти роҳбаладии Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз ташриф оварда, аз ин мавзеъ дидан намуданд. Мардуми ҳунарманди деҳаи “Лоҳутӣ” ба таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ маҳсули ҳунарҳои мардумии хешро пешкаш карданд. Раиси ноҳия ҳамчунин ҳайати меҳмононро ба зиёрати Мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ даъват намуд. Сипас, меҳмонон ба дараи “Мухтор” ташриф оварда, бозёфтҳои таърихии ин мавзеъро аз назар гузарониданд. Ғайр аз ин, дипломатҳои хориҷӣ дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия сайру гашт намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар рафти ин сафар мардуми меҳмоннавози хатлонзамин меҳмононро дар сатҳи олӣ пазироӣ намуданд, аз ҷумла яке аз сокинони шаҳраки Ховалинги ноҳия Ансорӣ Валиев ҳайати меҳмононро ба хонаи хеш ба дастархони тоҷикона оросташуда даъват намуд. Меҳмонон аз лаззати хурокҳои анъанавии тоҷикон, аз қабили шакаробу қурутоб ва меваҳои болаззати ватанӣ хушҳол гардида, изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Пас аз он меҳмонон ба яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ташриф оварда, бо як завқи хоса аз палакҳои хоҷагии мазкур сабзавот чинданд ва аз ин мавзеъҳои дилангези Тоҷикистон хотироти нотакрор бардоштанд.

Ҳайати меҳмонон рузи дувуми сафари сайёҳиро дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон идома доданд. Дар ин мавзеъ меҳмонони хориҷиро Раиси ноҳия Маърифат Зоирзода ва дигар масъулини ноҳия пешвоз гирифтанд. Мардуми ноҳияи Балҷувон низ  меҳмононро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, ба онҳо расму ойини тоҷиконаи минтақаи мазкурро муаррифӣ карданд. Зимни сафар меҳмонон аз иншоотҳои навбунёди маркази ноҳия ва фаъолияти заводи коркарди сангҳои ороишӣ, ки  дар деҳаи Калтачанор ҷойгир аст  дидан намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон руз намояндагиҳои хориҷӣ ба Душанбе баргаштанд. Сафари мазкур дар фазои дустонаву самимӣ анҷом ёфта, иштирокдорони он аз ин сафар таассуроти баланду хотирмон бардоштанд.