КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Оғози мусобиқаи мини-футбол барои дарёфти Ҷоми “Вазири корҳои хориҷӣ-2019”

 

Имруз бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Вазорат маросими ифтитоҳи мусобиқаи мини-футбол миёни дастаҳои Вазорат ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми “Вазири корҳои хориҷӣ-2019” баргузор гардид.

Нахуст, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуд.

Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуаени корпуси дипломатӣ ҷаноби Лякин –Фролов Игор Семёнович дар суханронии худ барои доир намудани чунин чорабинии варзишӣ аз номи намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои Афғонистон, ИМА, Қазоқистон, Украина, Узбекистон, Покистон, Россия, Ҳиндустон, Эрон ва дастаҳои як қатор созмонҳои байналмилалӣ инчунин ду дастаи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.